Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ба сӯи Парвардигор дуо фармуд то қабри ӯро монанди буте ки парастида мешавад ва сӯи он саҷда гузошта мешавад, нагардонад. Сипас Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) огаҳ фармуданд, ки Худованд касонеро, ки қабрҳои паёмбаронашонро ҳамчун масҷид гирифтанд аз раҳматаш дур ва ронда кардааст, зеро масҷид қарор додани он чизе ҷуз васила ва баҳона барои ибодат ва эътиқод доштанд ба онҳо нест.